РУЪЯТИ ГИРИФТАГИИ МОҲ ДАР ДУШАНБЕ
Шаби шанбеи 10 декабр иддаи зиёде аз сокинони Душанбе манзараи гирифти моҳро, ки дар осмони ин шаҳр қобили руъят буд, диданд. Гирифти моҳ, ки дар илми нуҷум дар порсӣ ба он хусуф мегӯянд, дар ҳаволии соъати 19 ба вақти Душанбе рух дод. Он аз самти шимоли шарқии фазои Душанбе қобили дид буд.
Дар оғоз Моҳ тира шуд ва рӯшании он батадриҷ монанди нигини ангуштарӣ зоҳир шуд ва пас аз дақоиқе гирифтагии он бакуллӣ рафъ шуд. Дар миёни мардуми суннатӣ расмест, ки ба ҳангоми гирифти Моҳ ё Хуршед бо ба ҳам задани дегу табақҳо садои онҳоро дармеоваранд. Вале чунин ойине дар Душанбе дар шаби 10 декабр мушоҳида нашуд. Бархе бовар доранд, ки гирифтагии Моҳ ё Хуршед нишонаи таҳаввулоте ҷиддӣ дар сарнавишти инсон ва табиъат аст ва гӯё дар баъзе маворид фоли нек ё бадеро ба ҳамроҳ дорад.
Аммо аз назари донишмандон, ҳодисаи гирифти Моҳ амре табиъӣ аст, ки давра ба давра рух медиҳад. Моҳ замоне "мегирад", ки ба ҳангоми чархиши худ дар перомуни Замин дар сояи он қарор мегирад ва дар ин ҳангом наметавонад нурҳои Хуршедро мунъакис кунад. Аммо ҳангоме, ки Замин дар сояи Моҳ қарор мегирад ё, ба иборати дигар, Моҳ офтобро аз чашми заминиён мепӯшонад, ба он кусуф ё гирифтагии Хуршед меноманд.
Вале дарвоқеъ ҳеч гуна тағйироти ҷиддие дар сиришти Моҳ ё Хуршед ва ё Замин дар ин замон рух намедиҳад. Бино бар ин, бовари бархеҳо, ки гӯё Моҳ ё Хуршед дар ин ҳодиса месӯзанд ва гоҳо ба кусуфу хусус "сӯхтани офтоб ё моҳ" мегӯянд, пояи илмӣ надорад.
Би-Би-Си