ПУТИН: НАТИҶАИ ИНТИХОБОТИ ПОРЛУМОНИИ РУСИЯ БОТИЛ НАМЕШАВАД
Дар пайи дастури Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия барои расидагӣ ба шикоятҳои марбут ба тахаллуф дар интихоботи ахири порлумонии ин кишвар, сухангӯйи Владимир Путин, нахуствазир, гуфтааст, ки мизони тахаллуфоти воқеъӣ бисёр ночиз будааст ва ин интихобот ботил нахоҳад шуд.
Дар интихоботи ахири Думои давлатӣ, Маҷлиси суфлои порлумони Русия, ҳизби ҳокими "Русияи муттаҳид" ба раҳбарии оқои Медведев, ки аз Влодимир Путин ҳимоят мекунад, бисёре аз курсиҳоеро, ки дар давраи қаблӣ дар ихтиёр дошт, аз даст дод, аммо ҳамчунон аксарияти курсиҳоро ба даст овард
Аҳзоб ва шахсиятҳои мухолифи давлат ва ҳамчунин бархе аз нозирони байналмилалӣ аз бурузи тахаллуфоте дар интихобот хабар додаанд ва рӯзи шанбе Русия шоиҳиди тазоҳуроти густарда дар эътироз ба натиҷаи эъломшудаи интихобот буд.
Би-Би-Си