«МУАЛЛИМИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН» МУАЙЯН ШУД
Вероника Коробкина, омўзгори фанни забони англисии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Душанбе барандаи озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими соли Тоҷикистон» гардид.
Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба мо хабар доданд, дар даври ниҳоии озмун, ки аз 5 то 9-уми декабри соли равон идома дошт, ғолиби озмун бо диплом, шаҳодатномаи ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими соли Тоҷикистон», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», 3 ҳазор сомонӣ ва мукофотҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар сарфароз гардонида шуд.
Ғолибро вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таманно намуд, ки ҳамеша эҷодкор ва пешбари ҳадафҳои арзишманди соҳаи маориф бошад, зеро ки ў акнун қутбнамои омўзгорони кишвар маҳсуб меёбад.
Иштирокчиёни дигари озмун – Муяссара Исмоилова (омўзгори литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд), Ҳайдар Зуҳуров (омўзгори мактаби миёнаи № 16-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), Марзия Сомиддинова (омўзгори гимназияи хусусии № 1-и шаҳри Хоруғ) ва Муродалӣ Кабиров (омўзгори мактаби миёнаи № 16-и ноҳияи Файзобод) низ бо унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ифтихорномаи Вазорати маориф ва маблағҳои пулӣ мукофотонида шуданд.
Анварбек Сиддиқов, АМИТ «Ховар»