10:29:33 01-уми Июни 2025 сол

ТАШХИС МАНСУБИЯТИ ҶАСАДРО БА МУҲОҶИРИ ТОҶИК НИШОН ДОД

Ташхиси генетикии ҷасади сарбурида ва сӯхтае, маълум кардааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст. Қаблан низ тахмин мерафт, ин ҷасад, ки моҳи гузашта дар канори як рустои вилояти Ленингради Русия кашф шуд, ба шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон Бахтиёр Расулов тааллуқ дорад.

/images/stories/2011/12/13_bakhtiyor_rasulov131211.jpgДар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба хабаргузории «Азия Плюс» гуфтаанд, ки ҷасади Бахтиёр Расулов дар рӯзҳои наздик ба зодгоҳаш – рустои Партизани ноҳияи Шаҳритӯс фиристода хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки модар ва хоҳарони Бахтиёр ҳанӯз аз марги муфоҷои ӯ дар Русия хабар надоранд.

Қатли ваҳшиёнаи ин муҳоҷири тоҷик вокунишҳои тундеро дар Тоҷикистон барангехт ва Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони ин кишвар ба хотири таҳқиқи қазия намояндааш Муҳаммадалӣ Ватановро ба Русия эъзом кард. Қарор аст, рӯзи ҷумъа парлумон дар иҷлоси навбатиаш зимни натиҷагирӣ аз сафари Ватанов дигарбора ба ин қазия баргардад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854