20:35:53 14-уми Июни 2025 сол

ИСТЕЪФОИ СЕ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистон, дархости истеъфои се узви ин маҷлисро пазируфтааст. Бо дархости шахсии худ раҳбари собиқи Истаравшан Муним Холиқов, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров ва раиси ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Сабуров аз узвияти Маҷлиси миллӣ хориҷ шудаанд.

/images/stories/2011/12/15_majlisioli_151211.jpgИн дархости онҳо дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки таҳти раҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъйид шуд. Бо канор рафтани се узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар маҷлиси болоии порлумони кишвар акнун чаҳор курсии холӣ боқӣ монд. Зеро қабл аз истеъфои ин се узви Маҷлиси миллӣ, бо даргузашти раиси пешини ноҳияи Тоҷикобод - Махсум Фозилов як ҷои холӣ дар ин маҷлис вуҷуд дошт.

Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки аз 34 нафар иборат аст, 25 тани онҳо аз сӯи интихобкунандагон ва 8 тани онҳо бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин маҷлис роҳ ёфтаанд. Ба ҷуз ин, раисиҷумҳури собиқи Тоҷикистон ин ҳақро дорад, ки узви  Маҷлиси миллии кишвар бошад. Ҳоло аз ин ҳуқуқи худ раисиҷумҳури пешини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов истифода мекунад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854