ВАЗОРАТИ ДИФОЪИ ТОҶИКИСТОН: ҲИНД ИНҶО ЧАРХБОЛ НАДОРАД
Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабарҳои мабнӣ бар мустақар шудани чархболҳои низомии Ҳинд дар фурудгоҳи "Айнӣ" дар ҳумаи ҷануби ғарби шаҳри Душанберо рад кард. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки миёни Тоҷикистону Ҳинд дар мавриди истифода аз фурудгоҳи "Айнӣ" ҳеч санаде имзо нашуда ва хабарҳо дар бораи мустақар шудани чархболҳои ҳиндӣ дар Душанбе "асос надоранд."
Манобеъи сафорати Ҳинд дар Тоҷикистон аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд. Аммо оқои Маҳмадалиев гуфт мутахассисони ҳиндӣ, ки ба тармиму бозсозии фурудгоҳи "Айнӣ" машғул буданд, "то замони анҷоми корҳояшон" дар Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд. Вай афзуд, ки фурудгоҳи Айнӣ таҳти назари нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон аст ва бо ҳеч кишваре ҳеч гуна қарордоде дар бораи истифода аз ин пойгоҳи ҳавоӣ имзо нашудааст.
Пештар бархе расонаҳо бо истинод ба маҷаллаи "Чашмандози сиёсии ҷаҳон" (World Political Review) навишта буданд, ки теъдоде аз чархболҳои низомии Ҳинд дар Тоҷикистон мустақар шудаанд. Нашри ин хабарҳо ба дунболи сафари ахири бархе аз мақомҳои баландпояи ҳиндӣ ба Тоҷикистон сурат мегирад. Авоили моҳи октябр вазири дифоъи Ҳинд дидоре кӯтоҳ аз Тоҷикистон анҷом дода буд.
Дар авосити моҳи ноябр Виҷой Кумар Сингҳ, фармондеҳик улли артиши Ҳинд низ аз Тоҷикистон дидор дошт. Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки Русия ва Ҳинд дар мавриди истифода аз фурудгоҳи "Айнӣ" дар Тоҷикистон байни ҳам тавофуқ кардаанд, вале Тоҷикистон аз ин тавофуқ розӣ ба назар намерасад.
Аз сӯйи дигар, ихтилофе ҷиддӣ байни Тоҷикистону Русия дар мавриди ин фурудгоҳ вуҷуд дорад. Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки Русия мехоҳад ба таври ройгон аз он истифода кунад, вале мақомоти тоҷик хоҳони пардохти маблағе барои истифода аз ин пойгоҳи ҳавоӣ шудаанд.
Би-Би-Си