20:59:16 14-уми Июни 2025 сол

ХУРУҶИ ОХИРИН НИЗОМИЁНИ ИМА АЗ ИРОҚ

Охирин корвони мошину зиреҳпӯшҳои амрикоӣ субҳи рӯзи якшанбе аз марзи Ироқу Кувайт убур кард. Баъд аз хуруҷи имрӯзаи тақрибан 500 низомӣ ва ҳудуди 110 мошину тонку зиреҳпӯшҳо раванди тарки Ироқ аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ ба поён ёфт.

Акнун дар ин кишвар 157 низомии амрикоӣ барои тамрини афсарону сарбозони ироқӣ ва гурӯҳи хурди нерӯҳои зудамал барои таъмини амнияти сафорати Иёлоти Муттаҳида боқӣ хоҳанд монд. Дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Ироқ, ки тақрибан нӯҳ сол идома кард, чаҳору ним ҳазор низомиёни амрикоӣ кушта ва ҳудуди 32 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин муддат дар задухӯрду ҳамлаҳои интиҳорӣ беш аз сад ҳазор сокинони Ироқ ба ҳалокат расиданд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854