20:38:32 14-уми Июни 2025 сол

ДАРГУЗАШТИ РАҲБАРИ КОРЕЯИ ШИМОЛӢ, КИМ ҶОНГ ИЛ

Телевизиони Кореяи Шимолӣ дар як "нашри махсус" эълон кард, ки раҳбари ин кишвар Ким Ҷонг Ил дар Пхенян фавтидааст. Вай 69 сол дошт. Хабар дар ҳоле нашр шуд, ки Ким ҳанӯз рӯзи 17-уми декабр ҳангоми сафар дар қатори роҳи оҳан даргузаштааст. Ҳарчанд сабаби дақиқи марги ӯ эълон нашудааст, телевизиони давлатии Кореяи Шимолӣ гуфт, Ким аз кори зиёди ҷисмонӣ ва фикрӣ фавтидааст.

Расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ хабар доданд, ки нерӯҳои ҳарбии Шимол ба дунболи ин хабар ба ҳолати омодабош даромада, қарор аст, ҷаласаи изтирории ҳукумат баргузор шавад. Гуфта мешуд, Ким дар соли 2008 сакта дидааст, вале таҳлилгарон сафарҳои охири ӯ ба Чин ва Русияро далели беҳбуди саломатияш мешумурданд. Раҳбаре, ки гуфта мешуд, ба сигор, коняк ва таомҳои лазиз одат дошт, аз бемории диабет ва дил азият мекашид.

Хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки раванди интиқоли қудрати давлатӣ аз Ким ба писараш Ким Ҷонг Ун оғоз ёфта буд. Ким Ҷонг Ил қудратро аз падараш, бунёдгузори Кореяи Шимолӣ Ким Ил Санг, пас аз марги ӯ дар соли 1994 мерос гирифта буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854