20:33:28 14-уми Июни 2025 сол

ИНТИХОБОТИ ШОҲМАНСУР-3. ҲХДТ БОЗ ҲАМ БАРАНДА

Суҳроб Шарифов, номзади ҲХДТ, дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Шоҳмансур-3 баранда эълон шудааст. Ба иттилои Комиссияи марказии итихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзад аз Ҳизби ҳокими Халқи Демократии Тоҷикистон 78,82 дарсади орои интихобкунандагонро касб кардааст.

/images/stories/2011/12/19_suhrob_191211.jpgРақибони ҷаноби Шарифов дар ин сабқат Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,97 дарсад, Абдуқаҳҳор Турсунов, довталаби мустақил ва ҳамзамон проректори Донишгоҳи техтикии Тоҷикистон 5,68 дарсад ва Сӯҳроб Оймаҳмадов, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 6,11 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст оварданд.

Коммиссия Маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин интихобот 88 дарсади воҷидони шароити раъйдиҳӣ ширкат карданд. Гуфтанист, интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Шоҳмансур-3 ба далели даргузашти вакили пешини ин ҳавза Сафаралӣ Раҷабов рӯзи якшанбеи 18-уми декабр баргузор шуд.

Дар як соли ахир ин дуввумин интихоботи миёндаврии парлумонӣ аст. Моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳавзаи Синои пойтахт низ интихоботи миёндаврӣ баргузор шуд, ки дар он дабири пешини Шӯрои амният, Амирқул Азимов, пирӯзӣ ба даст овард.

Номзадии Амирқул Азимов, дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Сино аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократӣ пешниҳод шуда буд. Азимови 63-сола дар Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммади Шоҳиёнро, ки қаблан вакили Маҷлиси намояндагон буду баъдан раиси Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъйин шуд, иваз кард.

Рақиби аслии ҷаноби Азимов – муҳаррири ҳафтаномаи мустақили "Миллат" Толибшоҳи Сайидзода буд, ки ин интихоботро олуда бо тақаллуб хонд ва гуфт, ки натоиҷи онро намепазирад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854