20:32:35 14-уми Июни 2025 сол

В.ПУТИН: "МУХОЛИФОН ҲАДАФИ РӮШАН НАДОРАНД"

Нахуствазири Русия гуфт, “дар байни мухолифон ягон одаме нест, ки кори мушаххасе анҷом дода тавонад.” Владимир Путин, нахуствазири Русия, мухолифони давлаташро танқид кард, ки ба қавли ӯ мехоҳанд, натиҷаҳои интихоботи порлумониро зери шубҳа гузоранд.

/images/stories/2011/12/27_v.putin_271211.jpgӮ ба тазоҳуроти 24-уми декабр ишора кард, ки дар он мардум аз ҳукуматдории тӯлонии Путин ва натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми декабр изҳори норизоиятӣ карда, хостори баргузории интихоботи нав шуданд. Ба гуфтаи мухолифон, дар интихоботи Думаи давлатӣ ба нафъи ҳизби “Русияи воҳид” тақаллуб сурат гирифтааст.

Владимир Путин, нахуствазири Русия ва яке аз номзадҳои интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури ин кишвар мухолифони давлаташро танқид кард, ки ба гуфтаи ӯ барномаи воҳид ва ҳадафҳои рӯшан надоранд. Ба қавли Путин, “дар байни мухолифон ягон одаме нест, ки кори мушаххасе анҷом дода тавонад.”

Ҷаноби Путин бознигарии натоиҷи интихоботи порлумонии оғози моҳи декабрро бефоида хонд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, “интихоботи порлумонӣ анҷом шуд.Тамоми фраксияҳои Думаи давлатӣ ба фаъолият пардохтанд, спикер ҳам интихоб шуд. Дар ҳоли ҳозир гуфтугӯ дар мавриди бознигарии интихобот бенатиҷа аст.”

Владимир Путин гуфт, ки ягона роҳ муроҷиат ба додгоҳ аст. “Агар иштибоҳ аст, пас, додгоҳ вазифадор аст, ки онро баррасӣ карда, қарори худро содир намояд",-гуфт ӯ.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854