ЯК ТАБАЪАИ ТОҶИКИСТОН БАЪД АЗ ҚАТЛ ДАР МАСКАВ ХУДКУШӢ КАРД
Як табаъаи Тоҷикистон пас аз қатли хонуме дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия худкушӣ кардааст. Хабаргузории Интрефакси Русия аз қавли манобеъи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар гузориш додааст, ки ин мард баъд аз қатли хонуме, ки бо ӯ дар яке аз сохтмонҳои чандтабакаии Маскав зиндагӣ мекарда, худро аз панҷара ба берун парт кардааст.
Манобеъи ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав гуфтаанд онҳо ҷасади ин марди 48 соларо дар назди сохтмон пайдо кардаанд. Ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ шоҳидони айнӣ иттилоъ додаанд, ки уфтодани ин мардро аз яке аз табақаҳои сохтмон мушоҳида кардаанд. Маъмурини амниятӣ гуфтаанд ҷасади як хонуми 54 соларо дар опортумоне, ки мард дар он зиндагӣ мекарда, пайдо кардаанд. Гуфта мешавад дар бадани хонум нишонаҳои мутаъаддиди зарбаи корд мушоҳида шудааст.
Маъмурони амниятӣ гуфтаанд ҳашт ёддоштро дар опортумон пайдо кардаанд, ки аз бурузи ҷанҷол миёни ҳарду шаҳодат медиҳад, ки ба асари ин ҷанҷол мард хонумро кушта ва сипас худро аз панҷара парт кардааст. Расонаҳои Русия гузориш додаанд, ки ин ҳодиса рӯзи душанбеи 26 декабр иттифоқ уфтодааст. Пулис дар бораи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Би-Би-Си