02:56:01 01-уми Июли 2025 сол

СОНЕҲА ДАР РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ҶОНИ ДУ КӮДАКРО РАБУД

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ду рӯзи ахир бар асари сонеҳаҳо дар роҳҳои утумубилгард ҳашт нафар кушта шудаанд, ки ду нафар аз онҳо кӯдакон будаанд. Бар асоси хабари дафтари матбуъотии ин вазорат, танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон ҳафт сонеҳа рух дода, ки бар асари онҳо се нафар кушта шудаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи ин вазорат, рӯзи чаҳоршанбеи 28 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, бо расидани фасли сармо вуқӯъи сонеҳаҳо низ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла рӯзи гузашта бар асари ду сонеҳа дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд ду кӯдаки зери даҳ сол кушта шудаанд. Ронандаи яке аз худравҳо ба ҳангоми сонеҳа маст будааст.

Оқои Асадуллоев афзуд, ки рӯзи 27 декабр низ дар вилояти Бадахшон ду сонеҳа рух дода ва панҷ кушта бар ҷой гузоштааст. Масъулони вазорат ба шаҳрвандон ҳушдор додаанд, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Соли Нав ва таътилоти зимистона назорат бар кӯдакони худро фаромӯш накунанд.

Ба гуфтаи оқои Маҳмадуллоев, бештари кӯдаконе, ки бе назорати бузургсолон дар хиёбонҳо гашту гузор мекунанд, бо хатари сонеҳа рӯбарӯ ҳастанд. Бар асоси омори расмӣ, аз авоили соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 418 нафар аз сокинон, ки теъдоди зиёди онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд, ҷон дода ва беш аз 1550 нафар ҷароҳот бардоштаанд.

Манобеъи пулис ҳамчунин мегӯянд, ки дар моҳи декабр дар Тоҷикистон дар асари олудагӣ ба гози корбун даҳ нафар аз сокинон кушта шудаанд. Яке аз ин ҳаводис шаби гузашта рух дода ва як зани ҷавони 25-сола дар асари масмумият ҷон додааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ