03:49:31 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
29 30 31      

БАРОДАРИ МУОВИНИ РАИСИ КГБ-И ТОҶИКИСТОН БОЗДОШТ ШУД

Раиси Оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, Фаридун Умаров дар ҳамлу нақли маводи мухаддир муттаҳам мешавад. Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабари боздошти бародари муовини аввали Кумитаи амнияти миллиро тасдиқ кард.

Ӯ гуфт, ахиран кормандони ниҳодаш як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро боздошт кардаанд, ки дар миёни онҳо Фаридун Умаров - бародари Мансур Умаров низ будааст. Ба қавли ҷаноби Саидов, ин гурӯҳ ба ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам мешавад ва дар ҳоли ҳозир бархе аз аъзои он дар боздошт ба сар мебаранд.

Дар сӯҳбат бо мо як манбаъ дар ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон, ки нахост номаш ошкор шавад, низ ин хабарро таъйид намуд. Ба гуфтаи ӯ, як ҳафта пеш дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон як гурӯҳи ҷиноӣ, ки дар он Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Мансур Умаров нақш доштааст, боздошт шуд.

Ҳамчунин, Зафар Мирзоев - сардори шӯъбаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати умури дохилӣ ва Тоҳирхон Шеров - раиси шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Душанбе низ дастгир шудаанд.

Боздошти ин гурӯҳи муташаккилона замоне имконпазир шудааст, ки як қочоқчии маводи мухаддир баъди боздошташ гуфтааст, маводро аз Фаридун Умаров дарёфт намудааст.

Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ раҳбарии бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ноҳияи Фархорро бар ӯҳда дошт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi