18:55
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Назарсанҷӣ

Ба ақидаи Шумо дар пиёда кардани сиёсати хориҷии хеш ҳукумати Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ба кадоме аз ин се кишвари абарқудрати ҷаҳон таваҷҷӯҳ ва майли бештар дошта бошад:
 

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ САФИРОНИ НАВ ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД
Хабар - Хабар
01.02.2012 11:11

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Италия, Дания, Ирландия, Словакия, Литва, Эстония, Исроил ва Ветнам эътимоднома қабул намуд.

Сафирони фавқулодда ва мухтори 8 давлат – Ҷумҳурии Италия Риккардо Манара, Шоҳигарии Дания ҷаноби Йенсен, Ирландия Филипп Мак Дона, Ҷумҳурии Словакия Юрай Сивачек, Ҷумҳурии Литва Рокас Бернотас, Ҷумҳурии Эстония Яан Хейн, Давлати Исроил Хилел Нюман ва Ветнам Ле Ман Луан ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон эътимоднома супурданд.

Зимни суҳбат бо сафирон, ки 6 нафарашон аз кишварҳои аврупоиянд, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳавасмандии устувори Тоҷикистонро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он таъкид намуд. Ба густариши муносибот бо давлати Исроил низ, аз ҷумла рушди робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва илму техника изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари 9 корхонаи муштараки Ветнам дар Тоҷикистон ба дурнамои ҳамкорӣ бо ин кишвари минтақаи Осиёи ҷанубу шарқӣ баҳои баланд дода шуд. Зимни суҳбат, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва мавзўъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Миқдори нигориши мавод: 98

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh