19:01
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Назарсанҷӣ

Ба ақидаи Шумо дар пиёда кардани сиёсати хориҷии хеш ҳукумати Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ба кадоме аз ин се кишвари абарқудрати ҷаҳон таваҷҷӯҳ ва майли бештар дошта бошад:
 

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
ЭРОН КИШВАРҲОЕРО, КИ ДАР ҲАМЛА БА ОН КУМАК МЕКУНАНД, ТАҲДИД КАРД
Хабар - Хабар
06.02.2012 10:16

Эрон гуфтааст ҳар кишваре, ки аз қаламрави он ба Эрон ҳамла сурат мегирадро, мавриди ҳамла қарор хоҳад дод.

Бино бар гузориши хабаргузории Форс сардор Ҳусейн Саломӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоб гуфтааст: "Ҳар нуқтае, ки мабдои амалиёти таҳоҷумии душман бар алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон бошад, мавриди таҳоҷум ва тозиши мутақобили воҳидҳои размии сипоҳ қарор хоҳад гирифт."

Дар ин авохир ташаннуҷ дар равобити Эрон ва Ғарб бар сари идомаи барномаи атумии Эрон ба далели худдории ин кишвар аз ҳамкорӣ бо ҷомеъаи байналмилалӣ дар мавзуъи барномаи атумиаш афзоиш ёфтааст. Гумон меравад, ки ҳадафи Эрон аз барномаи атумӣ дастрасӣ ба силоҳи атумӣ бошад.

Дар моҳи гузашта вузарои хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Эрон воридоти нафт аз Эронро мамнуъ эълом карданд, ки қарор аст ин тасмим аввали моҳи июл ба иҷро дарояд. Дар посух ба ин иқдом мақомоти эронӣ таҳдид карданд, ки тангаи Ҳурмуз, масири умдаи ҳамлу нақли нафт аз халиҷи Форсро мебанданд.

Дар пайи ин таҳдид Амрико новгони ҳавопаймобари худро вориди халиҷи Форс кард. Интизор меравад то нимаи баҳори соли ҷорӣ ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ дар халиҷи Форс бештар афзоиш ёбад. Эрон мегӯяд барномаи атумии он дорои аҳдофи сулҳомез аст, аммо аз ироаи шавоҳид барои субути ин иддаъо худдорӣ мекунад.

Би-Би-Си

Миқдори нигориши мавод: 103

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh