10:03:28 01-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МЕДАЛИ НУҚРАИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК ДАР КРАСНОДАР

Баҳодур Қодиров, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои дарёфти ҷоизаи Владимир Гусел, мураббии шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ, дар шаҳри Краснодари Русия барандаи медали нуқра шуд.

Баходур КодировМуродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бо эъломи ин хабар ба “Озодӣ” гуфт, Баҳодур дар рақобатҳо дар вазни то 74 кг бар чаҳор рақибаш ғолиб омад ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар қувваозмоии ҳалкунанда мағлуб гашт. Ҷаноби Тешаев афзуд, аз 16-ум то 20-уми феврал дар шаҳри Гумми Кореяи Ҷанубӣ мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаҳои гуштии озод ва юнониву румӣ миёни бузургсолон баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро инҳо намояндагӣ хоҳанд кард: гуштии озод - Орзу Эмомов (55 кг), Фарҳоди Усмонзода(60 кг), Сомиршо Воҳидов (66 кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Юсуф Абдусаломов (84 кг), Рустами Искандар (96 кг)  ва Эраҷ Холов (120 кг), гуштии юнониву румӣ - Фахриддин Аланазаров (55 кг), Фаррух Беков (60 кг), Аҳмад Қодиров (66 кг), Азиз Қаландаров (74 кг), Манучеҳр Аллаев (84 кг), Ҳабибулло Абдуллоев (96 кг) ва Муродҷон Тӯйчиев (120 кг).

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi