21:37:17 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

НИГАРОНИИ ҚИРҒИЗИСТОН АЗ ҚОЧОҚИ МАВОДДИ СӮХТ БА ТОҶИКИСТОН

Гурӯҳи ҳама намояндагони маркази фармондеҳии Қирғизистон рӯзи 8-уми феврал дар устони Баткент сафар кардан, то мавзӯъи қочоқи маводди сӯхт аз ин кишвар ба Тоҷикистонро таҳқиқ бикунанд. Ин амр бо дастури нахуствазири Қирғизистон сурат мегирад.

Умрбек Бобонов, нахуствазири Қирғизистон ба ниҳодҳои қудратӣ ва интизомии ин кишвар дастур додааст, ки фавран аз қочоқи маводди сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд. Ин мавзӯъ ахиран дар нишасти нахуствазири Қирғизистон бо масъулони ниҳодҳои амниятӣ, интизомӣ ва қудратӣ матраҳ шудааст.

Оқои Бобонов гуфтааст, қочоқчи маводди сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ба ин хотир судманд аст, ки Русия аз Қирғизистон барои воридоти ин маводд аворизи гумрукӣ тақозо намекунад. Дар ҳоле, ки барои воридоти маводди сӯхт аз Русия ба Тоҷикистон бояд аворизи гумрукӣ пардохт шавад.

Раиси ҳукумати Қирғизистон таъкид кардааст, ки “ин масъала дар тӯли моҳ ҳалли худро пайдо кунад.”

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi