19:03
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Назарсанҷӣ

Ба ақидаи Шумо дар пиёда кардани сиёсати хориҷии хеш ҳукумати Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ба кадоме аз ин се кишвари абарқудрати ҷаҳон таваҷҷӯҳ ва майли бештар дошта бошад:
 

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
БОЗДОШТИ ЯК МАҚОМИ ШАҲРДОРИИ КӮЛОБ
Хабар - Хабар
08.02.2012 17:07

Як узви кумиссиюни давлатии рафъи оқибатҳои сели Кӯлоб бо иттиҳоми ришвагирӣ боздошт шудааст.

arestУмаралӣ Ясадов, сардори бахши минтақавии Оҷонси мубориза бо фасод дар минтақаи Кӯлоб гуфт, Рустам Бобоев, мудири шӯъбаи иқтисодии ҳукумати Кӯлоб ва узви кумиссиюни давлатии рафъи оқибатҳои сел дар ин шаҳр аз як зани зани зарардида аз офати табиӣ барои додани манзили зист 2500 доллар пора хостааст.

Аммо ин зан гуфтааст, ки танҳо имкони додани 1000 доллар дорад. Ин масъули шаҳрдорӣ 500 долларро гирифта ва ҳангоми гарифтани 500 доллари боқимонда боздошт шудааст.

Ба гуфтаи ин масъули Оҷонсии зидди фасод, оқои Бобоев аз ин қабл низ аз яке зарардидаи дигари офати табиӣ 800 доллар гирифта будааст. Ҷаноби Ясадов ҳамчунон гуфт, баъзе аз қонуншиканиҳои дигар низ ошкор шудаанд, ки ба хотири раванди тафтишот аз ироаи онҳо худдорӣ мешавад.

Ин масъули Оҷонсии мубориза бо фасод аз ироаи ҷузиёти бештар дар бораи боздошти Рустам Бобоев худдорӣ кард, аммо гуфт дар ҳоли ҳозир парвандаи ӯ дар дасти баррасист. Ин барои аввалин бор аст, ки як мақоми шаҳрдории Кӯлоб ба иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ боздошт мешавад.

Зимнан, дар пайи обхезӣ ва сели соли 2010 дар шаҳри Кӯлоб, беш аз 1500 манзили зист хароб шуда буд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми умумии зарар аз сел дар Хатлонро тақрибан 600 миллион доллар арзёбӣ карда буд. Аммо барои бунёди биноҳои истиқоматӣ ба мардуми осебдида кулли вазорату идораҳои кишвар вобаста шуда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи таҷлили иди истиқлол дар моҳи сентябри соли 2010, калиди бархе аз хонаҳои навро ба мардуми осебдида супурда буд.

«Озодӣ»

Миқдори нигориши мавод: 149

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh