16:05:38 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 24 25 26 27 28
29 30 31        

ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ 150 МУСОФИРБАР МЕХАРАД

Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои харидории 150 микроавтобус музояда ё тендер эълон кардааст. Бино ба иттилои торнамои расмии шаҳрдорӣ, ин микроавтобусҳо бояд на камтар аз 12 ҷойи нишаст дошта, бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракат кунанд. Илова бар ин, “стандарти экологии онҳо на камтар аз "Евро-3" буда, ба иқлими Тоҷикистон ҳам мувофиқ бошад."

Мақомоти шаҳрдории Душанбе харидории ин микроавтобусҳоро "барои беҳбуд бахшидани хадамот ба мусофирон дар пойтахт" унвон кардаанд. Аммо дар ҳоле барои харидории микроавтобусҳои нав дар Душанбе музояда эълон мегардад, ки то кунун навъҳои мухталифи мусофирбарҳо ба пойтахти Тоҷикистон оварда шудаанд. Агар дар чанд соли пеш ҳаракати "Газел"-и русӣ дар пойтахти Тоҷикистон маъмул буд, ҷойи онро "Тангем"-и чинӣ ва сипас "Хундай Старекс"-и куриёӣ гирифт.

Ҳоло дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе ҳаракати микроавтобусҳо мамнӯъст. Дар маркази пойтахт бештар автобусу троллейбусҳо ва ҳамчунин таксиҳо фаъолият мекунанд. Бо ин вуҷуд, сокинони шаҳри Душанбе аксаран аз камбуди мусофирбарҳо дар пойтахт шиква доранд. Махсусан, субҳу шом, замони ба кор рафтану аз кор бозгаштани шаҳрвандон, дарёфти мусофирбарҳои холӣ ва ё камодам дар пойтахти Тоҷикистон мушкил аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi