15:44:55 01-уми Июли 2025 сол

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАРҲИ НАВСОЗИИ ДУШАНБЕРО ПИСАНДИД

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи навсозии бархе аз ҷодаҳои асосии шаҳри Душанбе ва сохтмони биноҳои нав дар марказ ва қисматҳое аз пойтахти Тоҷикистон ошно гашта, хостори иҷрои зудтари бархе онҳо шуд.

Бино ба тарҳи нав чанде аз кӯчаҳо васеъ хоҳанд шуд, то маҷрои афзояндаи ҳаракати нақлиёт дар Душанберо гунҷонанд. Қарор аст, дар ду соли оянда дар маркази кившар 6 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 91 миллион доллар амалӣ гардад.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз шаҳрвандон аз тарҳи нави шаҳр розӣ нестанд ва пешниҳодҳое садо медиҳанд, ки қисме аз биноҳои асосии маъмурӣ берун аз маркази шаҳр сохта шаванд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ