01:04:43 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАРГИ 4 ХАЛАБОНИ ТОҶИК ДАР ЗОБУЛ

Бар асари суқути як чархболе, ки дар Афғонистон барои нирӯҳои НАТО кор мекард, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Бино ба хабарҳо, ин чархболи мутааллиқ ба ширкати “Supreme Food”, ки аз сӯи халабонҳои тоҷик идора мешуд, дар ғарби вилояти Зобул, дар тақрибан 350-километрии ҷануби Кобул суқут кардааст.

вертолетХабарнигори мо дар Қандаҳор аз қавли муовини волии Зобул Муҳаммадҷон Расулёр хабар дод, ки дар байни халабонҳои тоҷики ҳалокшуда 3 мард ва 1 зан будааст. Феълан таҳқиқи ин қазия идома дорад. Каадом гурӯҳи чирикӣ то ҳол масъулияти ин сониҳаро ба дӯш нагирифтааст. Муҳаммадҷон Расулёр низ гуфта, ки иллати чархбол ғолибан фаннист ва дар ин ҳодиса дасти беруна зоҳиран мушоҳида намешавад.

Ширкати “Supreme Food” дар тирамоҳи гузашта дар иртикоби қазияи халабонҳои ширкати “Ролкан”, ки дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар Тоҷикистон боздошт ва муддате маҳкум ба зиндон шуданд, дар забони расонаҳо афтода буд. Душанбе таҳти фишори Маскав ҳарду халабони “Ролкан”-ро афв ва озод кард.

Ҳамчунин соли гузашта дар асари як сониҳаи ҳавоӣ дар Афғонистон ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои ширкати ҳавопаймоии "Помир" кор мекарданд, ҷони худро аз даст доданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi