08:49:18 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПУТИН: МАН ВАЗЪИ ДЕМОГРАФИИ РУСИЯРО БЕҲТАР ХОҲАМ КАРД

Владимир Путин, сарвазири кунунӣ ва номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Русия дар интихоботи президентии чоруми марти соли ҷорӣ дар мақолаи навбатиаш, ки имрӯз дар рӯзномаи «Комсомольская правда» таҳти унвони «Бунёди адолат.

putinСиёсати иҷтимоии Русия» ба нашр расидааст, гуфтааст, ки агар аҳволи мардум бад ин тарзе, ки ҳоло ҳаст дар Русия идома ёбад, аҳолии кишвар то соли 2050  аз 143 миллион нафари кунунӣ ба 107 миллион нафар коҳиш хоҳад ёфт. Дар сурати татбиқи маҷмӯи барномаҳои стротегии «ҳифз намудани аҳолӣ» нуфуси кишвар дар ҳамин давра ба 154 миллион  нафар хоҳад расид.

Путин дар мақолааш ду роҳи ба чунин натиҷа расиданро нишон додаст. Якум ин дастгирии оилаҳои серфарзанд мебошад. Ӯ пешниҳод мекунад, ки дар он минтақаҳои Русия, ки сатҳи тавваллуд хеле паст аст, ба оилаҳое, ки фарзанди саввумро таваллуд мекунанд, то сесола шудани ин фарзанд ҳар моҳ тақрибан ба маблағи 7000 рубл  ба ин оила кӯмакпулӣ дода шавад. Беҳтар кардани шароити манзилии хонаводаҳое, ки аз ду фарзанд бештар доранд, низ дар назар дошта шудааст.

Дуввум ба танзим овардани сиёсати муҳоҷират дар Русия. Тибқи нақшаи Путин соле бояд тақрибан 300 ҳазор нафар шаҳрванди Русия, ки қаблан ба хориҷа муҳоҷират кардааст, ба кишвар баргардонда шавад.

Путин дар ин мақолааш дар бораи синну соли бознишастагӣ, сиёсати ҳифзи сиҳати омма фикру андешаҳои худро ироа кардааст.

Аз аввали соли ҷорӣ ин панҷумин мақолаи Владимир Путин аст, ки дар бонуфузтарин рӯзномаҳои Русия ба нашр мерасанд ва хусусияти барномавӣ ва таблиғотӣ доранд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi