04:17:32 02-уми Июли 2025 сол

ИДОМАИ РЕЗИШИ БАРФ ДАР ДАШТУ КӮҲСОРИ ТОҶИКИСТОН

Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрӣ шуда, баъд аз зӯҳр ва шом барф меборад, аз 2 то 7 дараҷа сард мешавад.

Ҳавои Хуҷанд нимиабрист, рӯзона борон ва қарибиҳои шом барф меборад, ҳарорат то 3 дараҷа поин меравад. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаво нимабрист, шом ҳаво соф мешавад, то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Хоруғ барф меборад, аз 4 то 7 дараҷа сард мешавад.

Резиши барф дар аксар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ имрӯз ҳам  идома хоҳад ёфт. Ҳарорат аз 2 то 5 дараҷа, дар Тавилдара то 14 дараҷа сард хоҳад шуд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ