09:43:02 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҒЙИР ДАР РАДИО БАРОИ ИНТИХОБОТИ "ҲАМВОР"-И ПУТИН

Таҳлилгарон мегӯянд, дигаргуниҳо дар радиои машҳури Русия ба хотири "бастани даҳон" дар интихобот аст. С ардабири “Эхо Москви” гуфт, ҳадаф аз тағйири ҳайати мудирони ин радиои маъруфи озодандеши Русия назорати шеваи пӯшиши интихоботи 4-уми март дар ин радиост.

radio putinАлексей Венедиктов афзуд, иқдоми “Газпром-Медиа” – шохаи матбуотии “Газпром, ки  66 дарсади саҳмияҳои “Эхо Москви”-ро дар даст дорад, касби назорат бар пӯшиши интихоботест, ки дар он сарвазир Владимир Путин мехоҳад ба даври севуми раёсат даст биёбад.

Моҳе пеш Путин “Эхо Москви” ва Венедиктовро ба он айбдор кард, ки бо танқиди “шаборӯзӣ”-и ӯ аз манофеи хориҷӣ ҳимоят мекунанд. Номзади миллиардер ба мақоми президентии Русия Михаил Прохоров гуфт, барои ҳифзи мустақилияти “Эхо Москви” омодааст, саҳмияҳояшро аз “Газпром-Медиа” бихарад.

Бо тақозои “Газпром-Медиа”- саҳомдори асосии “Эхо Москви” ҳайати мудирони ин радиои маъруф лағв шуд. “Эхо Москви” аз ин иқдом изҳори таассуф кард.  Сардабири радио Алексей Венедиктов гуфт, ӯ ҳам аз ҳайати Шӯрои мудирон хориҷ мешавад, вале ин ба нақши сардабириаш ва ё сиёсати ин расонаи интиқодгӯ таъсире нахоҳад дошт. Раисиҷумҳури пешини Иттиҳоди Шӯравӣ, МИхаил Горбачёв гуфт, дигаргуниҳо дар радио бо дастури Кремлин ба вуқӯъ пайвастаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi