02:34:44 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗДОШТИ ПАНҶ НАФАР АЗ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БА ЗАННИ ҒОРАТГАРӢ

Хабаргузориҳои Русия аз боздошти панҷ нафар аз аъзои як гурӯҳе, ки дар устони Ленингрод ба ғорат даст мезаданд, хабар додааст. “Ростбалт”, хабаргузорие дар шаҳр Сан-Петерзбург, аз қавли кормандони пулиси ин шаҳр навиштааст, ки ҳамаи ин афрод аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Ҳамчунин пулиси Русия гуфтааст, ки таҳқиқоти онҳо мушаххас кардааст, ки ин афрод аз моҳи ноябри соли 2011 то авосити феврал дар шаҳристони Виборгскийи устони Ленингрод, муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла сокинони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқозро ғорат мекардаанд.

Масъулони пулиси Русия гуфтаанд, ки маъмулан ин афрод шабона муҳоҷиронро дар макони зисташон бо ҷоқу таҳдид карда ва сармояву амволи гаронқимати онҳоро ба сирқат мебурдаанд.

Таҳқиқот дар робита бо ин қазия идома дошта ва пулис гуфтаст, ки то кунун кормандони интизомӣ шаш ҷурми ин гурӯҳи, ба гуфтаи онон, табаҳкорро ошкор кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндон ва боздоштгоҳҳои Русия ҳудуди панҷ ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки бештари онҳо ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi