19:06
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Назарсанҷӣ

Ба ақидаи Шумо дар пиёда кардани сиёсати хориҷии хеш ҳукумати Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ба кадоме аз ин се кишвари абарқудрати ҷаҳон таваҷҷӯҳ ва майли бештар дошта бошад:
 

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
ШИКОЯТИ ТУРАҶОНЗОДА БА СУДИ АБДУЛҚОДИРЗОДА ТАМОМ ШУД
Хабар - Хабар
22.02.2012 22:34

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти бародарон Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тӯраҷонзода алайҳи Сайидмукаррам Абдулқодирзодаро ба суди раиси Шӯрои уламои исломии ин кишвар ҳал кард. Ин додгоҳ бо ҳимоят аз мавзеъи раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ба қазияи додгоҳии миёни хонаводаи Тӯраҷонзода ва Абдулқодирзода поён дод.

turadzhonzodaҲоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки аз ин ҳукм ба додгоҳҳои болоӣ шикоят нахоҳад бурд. Ҳарчанд ӯ гуфт, ки бо ин ҳукми додгоҳ вай ва бародаронаш комилан мухолиф ҳастанд. Оқои Тӯраҷонзода рӯзи чаҳоршанбеи 22 феврал, баъд аз анҷоми муҳокимаи додгоҳӣ гуфт: "Мо қаблан пайхас мекардем, ки додгоҳ чунин ҳукм мебарорад ва ман ва бародаронам дирӯз машварат кардем, ки дигар қазияи додгоҳиро идома надиҳем. Зеро ин иқдоми мо низ бефоида хоҳад буд."

Дар моҳи январ ин додгоҳ пешниҳод карда буд, ки ҷонибҳо қазияи додгоҳиро бо мусолеҳа анҷом диҳанд ва ҳарчанд хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ин пешниҳодро пазируфтанд, вале оқои Абдулқодирзода ба мусолиҳа розӣ нашуд. Баҳси додгоҳии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода пас аз нашри баёнияе аз сӯйи Шӯрои уламои исломӣ дар бораи хонаводаи Тураҷонзода оғоз шуда буд.

Бародарон Тӯраҷонзода баъд аз пахши ин баёния раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистонро ба тақаллуб дар таҳияи баёнияи ин ниҳод ва тавҳин алайҳи хонаводаи худ муттаҳам карданд. Дар баёнияи Шӯрои уламои исломӣ, ки дар моҳи декабри соли 2011 пахш шуд, омада буд, ки бародарон Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тӯраҷонзода дар масҷиди таҳти назари худ дар ноҳияи Ваҳдат маросими "Ошӯро"-ро, ки хосси мазҳаби шиъаи ислом аст, баргузор кардаанд.

Ва дар ин баёния таъкид шуда буд, ки Тӯраҷонзодаҳо аз ин роҳ қасд доштаанд дар миёни мусалмонони Тоҷикистон фитнаангезӣ кунанд. Вале оқои Тӯраҷонзода гуфт, ки раиси Шӯрои уламои исломӣ бидуни машварат бо аъзои ин шӯро аз номи ин ниҳод баёния мунташир карда ва хонаводаи ӯро ба пайравӣ аз мазҳаби шиъа муттаҳам кардааст.

Дар Тоҷикистон дар ду даҳаи ахир даъвоҳои додгоҳӣ миёни афроди алоҳида ва намояндагони давлат банудрат ба суди онҳое ҳал шудаанд, ки дар давлат ҳеч мақому мансабе надоранд. Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, бештари қозиёни додгоҳҳо дар Тоҷикистон дар тасмимгирии худ озод набуда ва ба тарафдорӣ аз мансабдорон ё таҳти фишори ниҳодҳои давлатӣ раъй медиҳанд.

Аз сӯйи дигар, системи додгоҳии Тоҷикистон ва бархе аз муҳокимаҳои додгоҳии пурсару садо дар ин кишвар дар ду даҳаи ахир борҳо аз сӯйи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҳуқуқдонҳои саршинос мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст.

Би-Би-Си

Миқдори нигориши мавод: 312

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh