20:38:18 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КӮМАКИ ИА ДАР МУШАХХАССОЗИИ ХАТТИ САРҲАДИ МАМОЛИКИ ВОДИИ ФАРҒОНА

Рӯзҳои 23 – 24 феврал Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи лоиҳаи нав, ки ба раванди демаркатсияи сарҳад дар водии Фарғона ва минтақа кӯмаки техникӣ мерасонад, шурӯъ намуд.

tempus-logoЗимни як қатор ҷаласаҳо Хадамоти илмии дохилии Комиссияи Аврупо, Маркази муштараки илмӣ-тадқиқотӣ (МКИТ), ки амалиёти лоиҳаро ба зимма дорад, нақшаи чорабинӣ ва ҳаҷми кӯмаки техникии пешбинишударо ба намояндагони Шӯъбаи Дастгоҳи Президент оид ба демаркатсияи сарҳад, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия, Шӯъбаи назорати сарҳадӣ дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи давлитии сармоягузорӣ ва идораи мулки давлатӣ пешниҳод кард. Ҷаноби Эдуард Ауэр, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустин иштирок намуд.

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо барои ҳар як кишвари иштироккунанда аксҳои радифии минтақаҳои сарҳадиро таъмин мекунад. Инчунин ба онҳо таҳҷизоти фотограмметрикӣ ва компьютерӣ, аз он ҷумла барномаи компьютерии зарурӣ барои коркарди аксҳои таҳқиқоти зондӣ дода мешавад.

Ба мутахассисони маҳаллӣ тарзи идоракунии таҷҳизот ва барномаи компьютерӣ омӯзонида мешаванд. Илова ба ин, Иттиҳоди Аврупо таҷҳизоти мавқеъмуайанкунии геодези (дарьёфткунандаҳои GPS)-ро барои аниқ муқаррар намудани координатҳо ва баландии минтақа бепул таъмин менамояд.

Маълумотҳои ба даст омада ва таҷҳизот метавонанд дар давоми ҷаласаи комиссияҳои тарафайн оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад ва ҳамчунин аз тарафи шӯъбаҳои назорати сарҳад истифода шаванд.

Мӯҳлати дарназардошташудаи лоиҳа 18 моҳ, ва буҷаи тақрибии он 1312500 евроро ташкил медиҳад.

Пас аз Душанбе, ҳайати вакилон кори худро дар шаҳри Бишкек идома медиҳад, ки рӯзҳои 27-28 феврал муҳокима бо роҳбарияти Қирғизистон баргузор мегардад.

Иттиҳоди Аврупо омодагии худро барои таъмин кардани чунин кӯмаки дутарафа ба дигар кишварҳои дахлдор дар минтақа низ изҳор менамояд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi