02:49:46 01-уми Июни 2025 сол

ДАР ДАРГИРИҲОИ ҶАНУБИ ЯМАН 30 НАФАР КУШТА ШУДАНД

Дар ҷараёни даргириҳо дар ҷануби Яман дастикам сӣ нафар низомӣ ва пайкорҷӯёни як гурӯҳи тундрави муртабит бо Алқоъида кушта шудаанд. Дар ин бора манобеъи артиши Яман хабар додаанд.

Ба гуфтаи онҳо набардҳо дар ғарб аз шаҳри Занзибар, маркази устони Абён рух додааст. Ин минтақа аз моҳи май бадинсу дар дасти гурӯҳи "Ансорушшариъа" аст. Пештар дар рӯзи якшанбе пайкорҷӯён ду худрави ҳовии маводи мунфаҷираро дар наздикии посгоҳҳо дар вурудии шаҳри Занзибар мунфаҷир карданд.

Яман аз як сол бадинсу шоҳиди талотумҳои сиёсӣ аст. Ба асари ин нооромиҳо чанд шаҳри ин кишвар ба кутрули гурӯҳҳои исломгаро даромадаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854