14:06:38 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ПУТИН "РАИСИ ҶУМҲУР ИНТИХОБ ШУД"

Назарсанҷиҳо ҳокӣ аст, ки Владимир Путин пас аз чаҳор соли нахуствазирӣ барои бори савум ба мақоми раёсати ҷумҳурии Русия интихоб шудааст.

Тибқи ин назарсанҷиҳо оқои Путин ҳудуди 60 дарсади ороро ба даст овардааст. Ин бадон маъно аст, ки ба даври дигари интихобот, ки эҳтимолан ӯ бо Генндаий Зюганов, раҳбари ҳизби кумунист рақобат мекард, дигар ниёзе нест. Масъулини интихобот гуфтаанд мизони мушорикат дар интихоботи рӯзи якшанбеи 4март нисбат ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2008 болотар будааст.

Аммо гурӯҳҳои мухолифи давлат дар мавриди тахаллуфоти густарда дар ҷараёни баргузории интихобот гузориш додаанд. Онҳо мегӯянд бархе афрод беш аз як бор баргаи раъй ба сандуқ рехтаанд. Онҳо аз тарафдорони худ хостаанд рӯзи душанбе дар маркази Маскав тазоҳуроти умумӣ баргузор кунанд.

Дар ҳамин ҳол тарафдорони оқои Путин бо парчамҳои Русия ва шиъорҳо дар беруни Кремлин бо баргузории як кунсерт пирӯзии ӯро ҷашн мегиранд.

Дар ҳоле ки шумориши оро дар манотиқи мухталифи кишвар идома дорад кумисюни марказии интихобот натоиҷи муқаддамотиро эълон карда ва гуфтааст оқои Путин тақрибан 62 дарсади ороро аз они худ кардааст.

Рақиби асосии ӯ Геннадий Зюганов, танҳо 18 дарсади оро ва сойири номзадҳо ҳар кадом камтар аз 10 дарсади раъйро ба даст овардаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi