19:22:56 15-уми Июни 2025 сол

"КОММЕРСАНТ" СӮИҚАСД БА ҶОНИ ПУТИНРО ЗЕРИ ШУБҲА БУРД

Муфаттишони украин дар мавриди он ки се нафари аввалҳои моҳи март дар шаҳри Одесса боздоштшуда дар пайи таҳияи сӯиқасд ба ҷони сарвазири Русия Владимир Путин буданд, иттилои комил надорад.

Нашрияи «Коммерсант», чопи Маскав, имрӯз бо такя ба гуфтаҳои муфаттишон навишт, ки ин гурӯҳ воқеъан ҳам мехост дар қаламрави Русия ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад ва аммо гап на сари сӯиқасд ба ҷони ягон кас, балки сари харобкории иқтисодӣ мерафт.

Дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурии Русия шабакаи аввали телевизиони ин кишвар хабар дод, ки Ослонбек ва Адам Осмаевҳо ва Иля Пянзин бо амри раҳбари ҷангиёни Қафқоз Доку Умаров мехостанд корвони мошинҳои Владимир Путинро тарконанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854