19:37:09 15-уми Июни 2025 сол

ХАРОБИИ БЕШ АЗ 20 МАНЗИЛ ДАР ДУ РУСТОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Бар асоси иттилоъи бахши умури изтирории Кӯлоб, лағзиши кӯҳпора беш аз 20 манзили маскунӣ дар ду рустои вилояти Хатлонро хароб кардааст. Рамазон Неъматов, раиси бахши умури изтирорӣ дар шаҳри Кӯлоб, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳодисаи лағзиши кӯҳпора дар рустои Карағоҷи ноҳияи Восеъ ва рустои Одинабойии ноҳияи Шӯрообод мушоҳида шудааст.

Оқои Неъматов гуфт: "Бар асари бориши зиёди борон як қисмати кӯҳпора ба рустои Карағоҷи ҷамоъати Тугарак фурӯ рехта ва 19 манзилро хароб ва 20 сар чаҳорпойи сокинони ин русторо нобуд кардааст. Ҳамчунин, лағзиши кӯҳпора дар рустои Одинабойии ҷамоъати Саричашма низ се манзилро вайрон карда ва шуморе аз ҷонварони аҳлиро куштааст."

Ба гуфтаи масъулони умури изтирорӣ, ин ду ҳодисаи табиъӣ талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст, вале гуфта мешавад, ки аъзои 12 хонавода, ки сел манозили маскунии онҳоро комилан хароб карда, ба маҳалле амн кӯч кардаанд.

Ҳамчунин, беш аз 30 ҳайвони аҳлӣ дар асари ин ҳодиса кушта шуда ва мақомоти маҳаллӣ барои ҷилавгирӣ аз талафоти ҷонӣ дар садади кӯч додани панҷоҳ хонаводаи дигар аз навоҳии хатарзойи ин рустоҳо ба макони амн ҳастанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854