19:11:30 15-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ҚОЧОҚБАРОНИ МАВОДДИ МУХАДДИР

Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон аз боздошти як сокини вилояти Хатлон ба занни ҳамли як килуграм маводди мухаддир хабар дод. Ба гуфтаи масъулони ин ожонс, аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз кормандони ин ниҳод 30 нафар аз қочоқчиёни ин маводдро боздошт кардаанд, ки ғолибан сокинони Тоҷикистон ҳастанд.

Саъдулло Раҳматуллоев, сухангӯйи дафтари матбӯъотии ин ожонс, гуфт: "Кормандони ожонс дар як амалиёти вижа ҷавонеро, ки сокини ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон буд, боздошт ва аз вай як килуграм маводди мухаддири навъи ҳеруинро мусодира карданд. Дар робита бо ин ҳодиса тибқи моддаи 200-и қонуни кайфарии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст."

Ба гуфтаи вай, ҳарчанд ин ҷавони 26-сола таҳсилкардаи донишгоҳ буда, вале шуғли доимӣ надоштааст. Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилоъи масъулони Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон, аз аввали соли ҷорӣ то ҳол, кормандони ин ниҳод беш аз 225 килуграм маводди мухаддир, ки миқдори зиёди онро ҳеруин ташкил медиҳад, аз 30 қочоқчӣ мусодира кардаанд.

Кормандони ожонс мегӯянд, ки бештари ин қочоқбарон зери синни 40 сол будаанд. Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як табаъаи Афғонистон ва шаш нафар аз ҳамдастони тоҷики вай, ки узви як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқчӣ будаанд, хабар дод.

Бар асоси ин хабар, Абдулло Ҳамид Нурмуҳаммад, сокини вилояти Тахори Афғонистон, Файзулло Ҳасанов ва Аҳмад Махатов, сокинони ноҳияи Турсунзода, Анваршоҳ Юнусов, Нуриддин Холов ва Бекмаҳмад Урунов, сокинони шаҳри Душанбе, Ҳусниддин Фазлиддинов, сокини ноҳияи Мастчоҳ, гурӯҳеро созмон дода ва ба ҳангоми боздошти ин афрод, пулис аз онҳо беш аз 17 ҳазор дору, ки дар таркибаш маводди мухаддир дошта, мусодира кардааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854