ОТАШСӮЗӢ ДАР МАНЗИЛИ РАИСИ ШИРКАТИ “МОВАРОУННАҲР”
Бар асоси иттилоъи масъулони Идораи умури оташнишонии шаҳри Душанбе, сабаби оташсӯзӣ дар манзили раиси ширкати "Мовароуннаҳр" "беназорат гузоштани" бухории барқӣ будааст. Ба гуфтаи як манбаъ аз ин идора, бар асари оташсӯзӣ 35 метри мураббаъ аз манзил оташ гирифта ва масъулони умури оташнишонӣ машғули таҳқиқи хисороти ворида аз оташсӯзӣ будаанд.
Ин оташсӯзӣ баъд аз зӯҳри рӯзи сешанбе дар манзили Ҷӯрабек Охунов, ки дар қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе дар маҳалли мавсум ба "Якум советский" воқеъ аст, рух дод. Дар асари ин ҳодиса танҳо як утоқи ин манзил хароб шудааст.
Оқои Охунов, ки раёсати ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр"-ро ба уҳда дорад, аз пойизи соли 2010 ба ин сӯ ба иттиҳоми "тақаллуб" дар боздошт ба сар мебарад. Ин ширкат ба бунёди манозили маскунӣ, аз ҷумла опортумонҳои бисёртабақа дар шаҳр машғул аст.
Додгоҳи олӣ дар тобистони соли 2011 муҳокимаи фаъъолияти оқои Охунов ва ширкати вайро оғоз кард. Алайҳи оқои Охунов иттиҳомоти "қаллобӣ ё тасарруфи амвол бо роҳи фиреб ба миқдори махсусан калон" ва фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ ворид шудааст.
Вале худи оқои Охунов ва масъулони ширкати "Мовароуннаҳр" иттиҳомоти воридаро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ҳадафи "дасисаи афроде пушти парда" қарор гирифтаанд.
Дар гузашта ширкати "Мовароуннаҳр" аз бузургтарин ширкатҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва арзиши манозили сохтаи ин ширкат дар муқоиса бо ширкатҳои дигар арзонтар будааст.
Би-Би-Си