НОПАДИД ШУДАНИ ЯК КОРМАНДИ ШИРКАТИ IRS ДАР ЗЕРИ БАҲМАН
Як корманди ширкати "Innovative Road Solutions" дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар асари фурӯ рехтани баҳман ё тарма нопадид шудааст.
Масъулони ин ширкат, рӯзи чаҳоршабеи 14 март, дар суҳбат бо хабаргузории Asia Plus гуфтаанд, ки ҷустуҷӯйи Ниёзқул Қулов, корманди нопадидшудаи ин ширкат то ҳол идома доштааст.
Рӯзи сешанбеи 13 март дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар 118 килуметрии қисмати ин роҳ баҳман фаромад ва Ниёзқул Қулов, корманди ширкати "Innovative Road Solutions", ки мудирияти роҳҳои мошингарди ин масирро бар уҳда дорад, машғули раҳбарӣ бар раванди поксозии ин қисмати роҳ будааст.
Вале тавре масъулони ин ширкат гуфтаанд, дар ин қисмати роҳ баҳман дубора фурӯ мерезад ва Ниёзқулро ба ҷарӣ сарозер мекунад.
Гуфта мешавад, ки кормандони ширкат ва бархе аз сокинони ноҳияи Айнӣ то ҳол машғули ҷустуҷӯйи Ниёзқул ҳастанд.
Мутахассисон мегӯянд, ки бориши идомадори барф дар рӯзҳои ахир дар ин минтақаи кӯҳистонӣ метавонад мунҷар ба фурӯ рехтани баҳманҳои дигаре дар қисматҳои ин роҳ шавад.
Ҳамасола резиши баҳман ва сел дар Тоҷикистон мунҷар ба хисороти молӣ ва ҷонӣ дар ин кишвар мешавад. Бар асоси иттилоъи расмӣ, дар соли 2011 беш аз 130 нафар дар ҳаводиси табиъии мухталиф, аз ҷумла ғарқшавӣ, обхезӣ, резиши баҳман ва сел, ҷони худро аз даст додаанд.
Дар моҳи январ Зикруллои Наботзодаи 17 сола дар мавзеъе ба номи Чапдараи водии Рашт дар зери баҳман кушта шуд.
Би-Би-Си