РӮЗИ КИТОБ - ҶАШНИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН
Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, аз ин баъд ҳар сол чоруми сентябр ба унвони рӯзи китоб таҷлил хоҳад шуд. Ин рӯзест, ки ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, хишти нахустини бинои Китобхонаи миллӣ гузошта шудааст. Вай афзуд, "дар марҳилаи нави таърихӣ суннати қадимаи китобдориву китобхонии мо ба сурати тоза ва мазмуну мӯҳтавои нав идома пайдо кард".
Ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи китобхонаи нави миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе ва мулоқоташ бо аҳли зиёи кишвар баён дошт. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳар сол дар остонаи Иди Наврӯз бо аҳли зиёи кишвар мулоқот анҷом медиҳад. Имсол ин мулоқот дар бинои китобхонаи нави миллии Тоҷикистон, ки субҳи рӯзи 20-уми март ифтитоҳ шуд, доир гашт.
Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, гуфт, ҳадафи аслии ин вохӯрӣ гӯш кардани шикваи зиёиён нест. Ин ишораи ҷаноби Саймуддинов ба дидору мулоқоти қаблии раисиҷумҳур бо аҳли зиёст, ки ҳар кадоме мушкилоти худро матраҳ карда ва кӯмак хоста буданд.
Ба қавли раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, бояд донишмандону фарҳангиёни кишвар бо истифода аз инчунин як мулоқот аз пешниҳодҳои созанда ва босамар кор бигиранд, ки дар пешрафти илму маориф саҳмгузор бошад.
Сохтмони нави нӯҳқабатаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои нигоҳдории 7 миллион китоб пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар сохтмони қадими Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ чизе дар ҳудуди 3 миллион нусха китоб мавҷуд буд.
Мақомоти тоҷик дар як соли ахир маъракаи ҷамъоварии китобро низ ба роҳ монда, аз муҳассилину кормандон ва вазорату кумитаҳо китоб ҷамъ овард. Бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2007 оғоз ёфта, ҳазинааш зери 40 миллион доллар баровард мешавад. Масоҳати умумии китобхона ҳудуди 45 ҳазор метри мураббаъ буда, он дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ ва маҷлисгоҳҳо ва чопхона мебошад.
«Озодӣ»