06:21:17 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁНИ СӮХТОРИ МАСКАВ БА 17 НАФАР РАСИД

Бино ба охирин хабарҳо, теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори бозори Качаловои Маскав ба 17 нафар расидааст.

/images/stories/2012/04/03_pojar-v-bazare_3412.jpgМақомоти Русия мегӯянд, дар оташсӯзии субҳи рӯзи 3-юми апрел дар бозори Качаловои шаҳри Маскав 17 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аксари онҳо муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Шӯравии пешин ва Осиёи Марказиянд. Матбуоти Русия менависад, ба эҳтимоли зиёд қурбониёни ин оташсӯзӣ шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ки дар ин ҷо кору зиндагӣ мекарданд.
Аммо Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, то кунун 12 ҷасади ҳалокшудагони сӯхтори бозори Качалово шиносоӣ шуда ва маълум гардидааст, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон набудаанд. Ҷаноби Назрӣ афзуд, кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав ин ҷараёнро зери назар доранд ва бо муҳоҷироне, ки афроди кушташуда дар ин сӯхторро мешиносанд, сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд.
Ба қавли мақомоти Русия, барои мушаххас кардани ҳувияти теъдоде аз ҳалокшудагон ташхиси тибби-судӣ зарур аст. Зеро дар ин сӯхтор ҷисми кушташудагон сахт осеб дида, ғайри қобили шиносоӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Каромат Шарифов, раиси ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, мегӯяд, шумораи кушташудагон дар сӯхтори бозори Качалово мумкин аст ба 20 нафар бирасад. Зеро ба қавли Шарифов, ба ҷуз аз кормандони ин бозор дар он ҷо ҳамчунин одамони бесарпаноҳ дар ивази маблағе шабро рӯз мекарданд.
Соҳиби анбор соати 8-и бегоҳ дарвозаи анборро баста, субҳ аз “муштариёнаш” ҳаққи “хобгоҳ”-ро гирифта ва онҳоро ба баромадан иҷоза медодааст. Ҳоло соҳиби анбор фирор карда ва мақомот ӯро ҷустуҷӯ мекунанд. Ба гуфтаи Шарифов, бо назардошти ин кор мумкин аст шумораи одамони талафёфта бештар бошад.
Фарҳод Солиев, як масъули дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи рӯзи сеюми апрел аз вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба онҳо тамос гирифта ва аз ҳалок шудани муҳоҷирон дар ин ҳодиса хабар додаанд.
Саид Боев, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дорад, гуфт, чанд муҳоҷири тоҷик аз ин сӯхтор ҷони солим бадар оварда ҳоло мавриди пурсуҷӯи мақомоти интизомӣ қарор доранд. Ба иттилои Бобоев, дар ин хобгоҳ бештар шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон зиндагӣ доштаанд. Худи Боев иҷоза дарёфт накардааст, ки вориди маҳалли сӯхтор бишавад.
Бахши русии Радиои Озодӣ мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик дар бинои вагонмонанди оҳанӣ ба сар бурда, роҳи мустақим ба кӯча надоштаанд. Роҳи онҳо ба берун аз шипанги оҳание мегузашт, ки оташ гирифта буд. Сӯхторнишонҳо маҷбур шудаанд, ки деворҳои оҳаниро бурида, барои хомӯш кардани сӯхтор ва берун овардани ҷасади ҳалокшудагон роҳ кушоянд.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi