10:58:53 09-уми Майи 2025 сол

ДАРХОСТИ БЕРУН БУРДАНИ ҲАВОПАЙМОҲОИ "ҶАНҶОЛӢ" АЗ ФУРӮДГОҲИ ҚУРҒОНТЕППА

Масъулини фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Қурғонтеппа аз ҳукумати ин шаҳр хостори кӯч додани ду ҳавопаймо шудааст, ки 12-уми марти соли 2011 аз сӯйи халабонҳои рус Садовничий ва Руденко дар ин фурӯдгоҳ пойин оварда шуда буданд.

Ин ду ҳавопаймои АН-72 ба ширкати русии "Ролкан" мутаъаллиқ буданд, ки бо ҳукми додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ба нафьи давлати Тоҷикистон мусодира шуда буданд. Беш аз як сол аст, ки ин ҳавопаймоҳо таҳти назорати кормандони амниятӣ дар фурӯдгоҳ қарор доранд.

Ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба хотири васеъ кардани майдони фурӯдгоҳ ва навсозии бонди парвози он ба Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон дар бораи таҳвили ҳавопаймоҳо номае ирсол кардааст. Дар ин нома омадааст, ки бояд ин ду ҳавопаймо аз фурӯдгоҳ ба маҳалли дигаре бурда шаванд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи ҳукумати шаҳр бидуни зикри номаш гуфт, ки ин ду ҳавопаймо ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон фурӯхта мешаванд, вале коршиносони маҳаллӣ мегӯянд беҳтар аст мақомот ин ҳавопаймоҳоро ба кумитаи умури изтирорӣ бидиҳанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ