03:06:50 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

ҲАФТАИ ГУЗАШТА ДАР СОНЕҲАҲО НӮҲ НАФАР ҶОН БОХТААНД

Идораи бозрасии утумубилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳафтаи гузашта бар асари сонеҳаҳо дар роҳҳои утумубилгард нӯҳ нафар кушта шудаанд, ки се нафар аз онҳоро кӯдакон ва навҷавонони зери 18 сол ташкил медодаанд.

Бар асоси хабари ин идора рӯзи якшанбеи 22 апрел дар Тоҷикистон чаҳор сонеҳа рух дод, ки бар асари ин сонеҳаҳо панҷ нафар кушта ва ҳафт нафар ҷароҳат бардоштаанд. Наргисой Тӯйчиева, раҳбари дафтари матбӯъотии ин идора, рӯзи душанбеи 23 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки сабаби аслии ин сонеҳаҳо баланд будани суръати ҳаракат дар роҳҳо будааст.

Вай афзуд: “22 апрел, соъати 22:00 ба вақти маҳаллӣ дар ноҳияи Ҷабор Расулов дар қисмати 279-умин килуметри шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Ҷаноқ, ронанда Исоқбой Беков аз уҳдаи идораи назорат бар ҳаракати мошин набаромада ба мошини дигаре бармехӯрад ва дар натиҷа ронанда ва мусофир ба ҳалокат мерасанд.”

Ҳамчунин ба гуфтаи хонум Тӯйчиева Рӯзи 21 апрел сонеҳае дар хиёбони Неъмат Қарабоеви Душанбе ду нафарро кушта ва чаҳор нафари дигарро захмӣ мекунад. Масъулони идораи бозрасии утумубилии аз сонеҳаи дигаре, ки рӯзи 20 апрели ҳафтаи гузашта дар қисмати роҳи Душанбе-Ҷаноқ дар ноҳияи Варзоб рух додааст, иттилоъ додаанд.

Тибқи хабари онҳо ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-20199” қонуни ҳаракат дар роҳро нақз карда ва бо утумубили хеш, ки панҷ мусофир доштааст ба рӯдхонаи Варзоб сарозер мешавад. Дар натиҷаи ин сонеҳа чаҳор нафар аз сарнишинони мошин, ки се тои онҳо кӯдакон ва навҷавонони зери 18 сол будаанд, ҷонҳои худро аз даст медиҳанд.

Аҷсоди се нафар аз ин ғарқшудагонро кормандони пулис ва гурӯҳи наҷоти кумитаи изтирории Тоҷикистон рӯзи душанбеи 23 апрел аз рудхонаи Варзоб пайдо карданд ва ҷасади як кӯдаки 11 сола ҳамоно бедарак будааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi