02:09:44 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВКД ДАР ҶУСТУҶӮИ "ДИЛДОДА"-И ПЕШИНИ ФАРЗОНА

Фаррух Рӯзиев, ҷавоне, ки ҳамроҳи Фарзонаи Хуршед аз додгоҳ фирор карда буд, дигарбора аз сӯи мақомот ҷустуҷӯ мешавад. Субҳи рӯзи 25-уми апрел дар ин бора яке аз хонандагони торнамои "Озодӣ" нома навишта ва гуфта буд, ки Фаррух Рӯзиев бо ҳамроҳии як нафари дигар дар маҳаллаи "Зарафшон"-и Душанбе ҷиноят содир кардааст. Вай аз мо хоста буд, то ҷузъиёти ин қазияро рӯшан кунем.

/images/stories/2012/04/26_farrukh-ruziev-26412.jpgНусратулло Саидов, як масъули дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба мо гуфт, Фаррух Рӯзиев, бо тахаллуси "Кузя" ва Азамат ном рафиқаш дар ҳамдастӣ ба куштори як нафар дар маҳаллаи "Зарафшон"-и пойтахт гумонбар дониста мешаванд. Ба қавли ӯ, пас аз ин куштор ҳарду фирор кардаанд.

Соли 2010-ум додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фаррух Рӯзиевро ба 10 соли зиндон маҳкум карда буд. Додгоҳ он замон Фарзонаи Хуршедро, ки дӯстдухтари Фаррух Рӯзиев муаррифӣ мешуд, низ барои 2 сол равонаи зиндон намуд.

Достони ин ду "дилдода" рӯзи 12-уми январи соли 2010, замоне оғоз ёфт, ки Фарзонаи Хуршед дӯстдоштааш Фаррух Рӯзиевро, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва фиреб додани як нафар бо исми Бозоров ба маблағи 33 000 доллар дар боздошт қарор дошт, аз назди дарвозаи додгоҳи ноҳияи Сино гирифт ва бо мошини “Лексус” –аш роҳии Варзоб шуд. Ҳарду дилдодаро баъд аз як рӯз дар Варзоб боздошт карданд.

Ба гуфтаи мақомот, дар баробари Фарзонаи Хуршед бар пояи Қонуни афви бахшида ба 20-солагии истиқлолият Фаррух Рӯзиев низ авф шуда буд. Фарзонаи Хуршед дар сӯҳбат бо мо изҳор дошта буд, ки дигар бо ӯ робитае надорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi