22:38:48 09-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БОЗ ЯК ТАРОНАИ МУАЛЛИФИ "ВВП" ДАР МАДҲИ ПУТИН

Шоми рӯзи душанбе дар шабакаи Youtube таронаи дуввуми Толибҷон Қурбонхонов, муаллифи таронаи пурсару садои «ВВП» пайдо шуд. «Шукр худойро барои Вламидир» - суруди дуввуми ин овозхон пас аз таронаи маъруфи «ВВП» дар бораи президенти тозаинтихоби Русия Владимир Путин ба забони русӣ аст.

/images/stories/2012/05/01_putin_1512.jpgДар ин тарона Толибҷон на танҳо бори дигар ба мадҳи Путин пардолхтааст, балки изҳори хушҳолӣ ва шукргузорӣ мекунад, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия дар моҳи апрел, Владимри Путин баранда шуд ва ба курсии президентӣ хоҳад нишаст. Тарҷумаи таҳтуллафзии ин суруд тақрибан чунин аст:

«Дар қалби ҳар яке аз мо қаҳрамоне мекунад ово,
Ки бошам ман шабеҳи ӯ орзу мекардаму таманно.

Дар вуҷудаш нури худовандист, надорам шак ман асло,
Ба ин дорам ман бовар, ки назар накунанд ҳар касро.

Қадаҳ бардорам то ин, ки ҳар орзуяш амалӣ гардад,
Худовандро сипос гӯям, барои қаҳрамонам Владимир»

Тавре аз мӯҳтавои ин мисраъҳо бармеояд, Толибҷон дар ин суруди худ бештар алоқаи шахсии худро ба Путин баён дошта, дар мадҳи ӯ ин таронаро бахшидааст. Вале ба назар мерасад, ин бор ҳангомае, ки таронаи аввали ӯ ба вуҷуд овард, такрор нашуд.

Дар оғози моҳи феврали соли равон шабакаи телевизионии Piter.TV дар торнамои худ видеои як таронаро нашр кард, ки дар он аз Владимир Путин ситоиши зиёд мешуд. Ин таронаи Толибҷон Қурбонхонов бо номи "ВВП" буд, ки то кунун дар шабакаҳои интернетӣ "сайр" карда, баҳсҳои зиёдеро ба по кардааст.

Агар дар «ВВП»  Қурбонхонов дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия Путинро таблиғ мекард, дар суруди дуввум хушҳолии ӯ аз пирӯзии раиси ҷумҳури мунтахаби Русия баён шудааст.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi