01:18:49 02-уми Июли 2025 сол

ГЕНЕРАЛИ АМРИКОӢ АЗ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ ПАНҶИ ПОЁН ДИДАН КАРД

Дирӯз, 2-юми майи соли 2012, генерал Вилям Фрейзер III, Фармондеҳи қушунҳои нақлиётии ИМА (USTRANSCOM) аз дидбонгоҳи сарҳадии Панҷи поён дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дидан кард. Фармондеҳии қушунҳои нақлиётии ИМА масъулияти таъмини тамоми талаботи нақлиётии вазорати дифои ИМА-ро ба дӯш дорад.

/images/stories/2012/05/03_generali-amrikoi_3512.jpgДар Панҷи Поён генерал Фрейзер бо Сардори Раёсати қушунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо мулоқот доир намуд ва аз дидбонгоҳи сарҳадии Панҷи поён, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ шудааст, дидан кард. Генерал Фрейзер шахсан ба генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо барои ҳамкорӣ ва дастгирии пайваста аз ҷониби Тоҷикистон арзи сипос намуд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ