13:33:44 11-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ОҒОЗИ ДАВРИ ДУВВУМИ ИНТИХОБОТИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРИ ФАРОНСА

Даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳури Фаронса дар ҳоле оғоз шуд, ки назарсанҷиҳо ҳикоят аз ғалабаи Франсуа Олланд бар Никола Саркозӣ дорад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, раъйгирӣ рӯзи якшанбеи 6-уми май, соати ҳашти субҳ ба вақти маҳаллии Фаронса оғоз шудааст ва то соати ҳашти шаб идома хоҳад дошт. Бар асоси назарсанҷиҳо, эҳтимол меравад, ки Франсуа Олланд пирӯзи ин интихобот бошад, ки дар он сурат вай нахустин раиси ҷумҳури сотсиалисти Фаронса паc аз Франсуа Миттеран хоҳад буд.

Дар даври нахустини интихоботи раёсати ҷумҳури Фаронса, ки бо ҳузури 80 дарсади воҷидини шароити раъйдиҳӣ баргузор шуд, оқои Олланд тавонист 28,7 дарсади раъйҳоро ба худ ихтисос диҳад ва Никола Саркозӣ бо касби 27,1 дарсад оро аз ӯ ақиб монд.

Ин бор низ бар асоси назарсанҷиҳо гуфта мешавад, ки оқои Олланд бар Саркозӣ ғалаба кунад. Дар сурати ғалабаи оқои Олланд бар рақибаш, оқои Саркозӣ аз соли 1981 то кунун нахустин раиси ҷумҳур хоҳад буд, ки барои бори дуввум ба Кохи Елиза роҳ пайдо намекунад.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi