06:59:19 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДАЪВОИ ДОДГОҲИИ ҲНИТ ЗИДДИ ДОДСИТОНИИ КУЛЛ

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ гуфт, ки ҳадаф аз даъво алайҳи додситонӣ, муайян кардани қонунмандии санҷиши фаъолияти ин ҳизб аз сӯи додситонӣ аст, ки аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ ҳам дар созмонҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҳам дар дафтари марказии ҳизб баргузор гардид.

Оқои Сайфуллозода гуфт, ки бар пояи як дастури Додситонии кулл аз моҳи январи соли ҷорӣ, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ мавриди тафтиш қарор гирифт. Дар ҳоле ки афзуд ӯ, санҷиш ва бозрасии аҳзоби сиёсиро тибқи қонун танҳо Вазорати адлияи Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.

Масъулони ҲНИТ мегӯянд, санҷиши фаъолияти ин ҳизб аз тарафи Додситони кулли Тоҷикистон дар пайи дарзи аснод (Протоколи32-20) аз ҷаласаи махфии ҳукумат дар сайти русии «Звезда.ру» ва нашри матлабе бо номи «Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб» сурат гирифтааст.

Сомонаи "Звезда.ру"-и Русия дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар матлабе таҳти унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" навишта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ва ширкатдорони гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ум барномаеро рӯи даст гирифтааст. Ва дар ин сомона  ҳуҷҷатҳое аз ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон таҳти унвони Протоколои 32-20 ба чоп расида буд, ки мӯҳтавои матлаби дарҷшуда дар ин сомонаро ташкил медод.

Дар чанд рӯзи қабл вакилони ҲНИТ аз Додситони кулл посух гирифта буданд, ки мӯҳтавои ин Протокол таҳриф шудааст. Бад ин манзур онҳо бо ирсоли як номаи расмӣ ба унвони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хостори дарёфти нусхаи асли Протоколи 32-20 шуда буданд.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi