10:59:06 09-уми Майи 2025 сол

ДАР НАМОИШГОҲИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБ

Дирӯз, 24-ми майи соли 2012, Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе ба кори  серӯзаи худ шурӯъ кард. Маросими ифтитоҳи ин чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ дар саҳни собиқ бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид.

/images/stories/2012/05/25_02-namoishikitob.jpg

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, муовини раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Камол Насруллоҳ ва Сафири Ҷумҳуриии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст дар ин маърака аз моҳияти ин чорабинӣ ва аҳамияти китоб дар рӯзгори миллат сухан гуфтанд.

Дар Намоишгоҳи имсола 21 интишорот ва намояндагии сафоратхонаҳои мамолики хориҷӣ ва 30 нашриёти ватанӣ ширкат меварзанд.

/images/stories/2012/05/25_03-namoishikitob.jpg

Дар чаҳорчӯбаи Намоишгоҳ муаррифии китоби «Аз Ҳикоёти «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ».10 китоб дар бозгӯйии шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ баргузор гардид. Ин китобро муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» ба табъ расондааст.

Ин нашрияи тозатаъсис тасмим гирифтааст, ки аз ашъори безаволи классикони форс-тоҷик силсилакитобҳоро ба номи «Сад панд» барои хурдсолон дар шакли китобчаҳои пурнақшу нигор нашр намояд.

Муштариёни гиромӣ, маълумоти бештареро Шумо аз навори видеоӣ ва аксҳое, ки хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» аз ҷараёни ин Намоишгоҳ гирифтааст ва бароятон омода кардааст, пайдо карда метавонед.

Аксҳо аз Намоишгоҳи дуюми байналилалии китоби Душанбе.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ