02:54:53 03-уми Июни 2025 сол

ДИДОРИ РАҲМОН ВА АҲМАДИНАЖОД ДАР ПЕКИН

Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон дар Пекин тарҳи роҳи оҳани минтақаиро баррасӣ карданд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмие дар Чин аст, дар дидоре бо ҳамтои эронии худ Маҳмуди Аҳмадинажод тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эронро баррасӣ кард.

/images/stories/2012/06/06_rahmon-ahmadnazhot-070612.jpgИн мулоқот дар арафаи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳоми Шонгҳой ҷараён гирифта, Аҳмаднажод ба ҳайси меҳмон ба ин ҳамоиш даъват шудааст. Бино бар хабари торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон, сарони ду давлати ҳамзабон ва ҳамфарҳанг дар ин сӯҳбат ба тарҳҳои дигари ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба низ расидагӣ карданд.

Онҳо, аз ҷумла, ба зарурати ифтитоҳи зудтари чархаи дувуми нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2", итмоми бунёди нақби "Шаҳристон", оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ рӯйи рӯдхонаи Зарафшон таъкид намуданд. Аммо мавзӯи асосии сӯҳбат ба тарҳи нави роҳи оҳане бастагӣ дошт, ки қарор аст, Чинро бо Эрон пайванд кунад. Як бахши ин роҳ аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад гузашт. Тавофуқ сари ипн тарҳ дар нишасти ахири Комиссияи байнидавлатии Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон ба даст омад.

Торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки "гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар лоиҳаҳои судбахши дуҷониба ва ҳамгироии Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчӯби муносибатҳои сеҷониба бо Афғонистон, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт."

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854