03:08:35 03-уми Июни 2025 сол

РАИСИҶУМҲУРИ ТОҶИКИСТОН БА ПУТИН НОМА ФИРИСТОД

Э. Раҳмон дар номаи худ ба В. Путин гуфтааст, "Тоҷикистон имкониятҳоро барои татбиқи қарордодҳо истифода хоҳад кард". Эмомалӣ Раҳмон , раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Владимир Путин --  раисиҷумҳури Русия ба муносибати таҷлили солгарди қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии ин кишвар барқияи табрикӣ фиристодааст.

/images/stories/2012/06/13_rahmon-putin13062012.jpgДар ин нома, ки онро торнамои "Ховар" ба нашр расонд, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои худ табрикоташро "сидқию самимӣ" унвон карда, ба "сатҳи ба дастомадаи муносибот ва ҳамкориҳои стратегии байни ҳарду кишвар" баҳои баланд додааст. Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ гуфтааст, "изҳори умед мекунам, талошҳои муштараки мо ба ҳамкориҳои судманди миёни ҳарду кишвар нерӯи тоза мебахшад.

" Ӯ бо таъкид ба Владимир Путин гуфтааст, "Шуморо бовар мекунонам, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳоро барои дар амал татбиқ намудани қарордодҳо дар бораи вусъат ва тақвияти минбаъдаи муносиботи дуҷониба истифода мекунад." Дар барқияи табрикотии худ раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин ҳамчунин афзуда, ки "талошҳои Шумо" ба шукуфоии Русия ва "таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ равона гардидаанд"  ва дар охир тандурустии комили ӯро таманно кардааст.

Ин ҳарфҳо дар ҳоле гуфта шудаанд, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Владимир Путин дар Маскав гуфт, дар ивази эҳтироме, ки Душанбе ба манофеи Маскав қоил аст, Русия низ ҳамин гуна ба манфиатҳои Тоҷикистон арҷ гузорад. Аз ин пештар президент Раҳмон пешниҳод карда буд, то муносибатҳои миёни Русияву Тоҷикистон ба таври воқеъбинона баррасӣ шаванд.

Ба қавли ӯ, Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки Русия дар қаламраваш беш аз ҳама иншооти муҳими стратегӣ дорад, аз қабили бузургтарин пойгоҳи низомии русии 201-ум, маркази назорати кайҳонии "Окно" дар Норак, гурӯҳи вижаи марзбонӣ, се донишгоҳ ва ғайраву ҳоказо. Аммо бархилофи ин воқеият, афзуд вай, расонаҳои ҳамагонии Русия муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Русияро таҳриф мекунанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854