02:50:34 03-уми Июни 2025 сол

ШОДТАРИН МАРДУМОНИ ДУНЁ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Бар асоси назарсанҷии як муассисаи таҳқиқотӣ, кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон шодтарин мардумони дунёро доранд.

/images/stories/2012/06/21_guldukhtaron-210612.jpgБа гузориши хабаргузории Форс, як муассисаи назарсанҷӣ бо номи «Бунёди иқтисоди нави Британия» дар гузорише бо меҳвар қарор додани мизони умед ба зиндагӣ ва зебоии муҳити зист, аз миёни 151 кишвар, мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистонро шодтарин мардуми ҷаҳон эълом кард. Дар ин гузориш омадааст: Муҳити зисти зебо ва солим мондани он, аз муҳимтарин авомиле аст, ки боис шуда, мардуми ин ду кишвар, зиндагии шоде дошта бошанд.

Дар ҳамин ҳол Ҷамол Ғафуров коршиноси масоили иҷтимоии Тоҷикистон изҳор дошт: Шояд тавон ба ҷои калимаи «шодӣ», калимаи «қаноат»-ро ва он ҳам барои мардумони Осёи Марказӣ ба таври куллӣ, ба кор бурд, зеро нуфузи фарҳанги тасаввуф дар Мовароуннаҳр ва ҳавзаи илмӣ ва исломии Бухорои шарқӣ, мардумро парвариш дода аст, ки қонеъ ҳастанд ва ба он чи доранд, қаноат ме‌варзанд. Ин фарҳанги қаноат барои мудирияти мардум фарҳанги бисёр хубе аст. Яъне онон дар баробари ҳукуматҳо иддаои бисёр зиёде надоранд.

Ҳамчунин бинобар ин гузориш, кишвари Қазоқистон дар радифи 119 ҷаҳон қарор дорад, ки поёнтарин сатҳи мизони шодии мардум дар миёни мардуми минтақа аст. Дар Туркманистон низ бо вуҷуди сатҳи болотари зиндагӣ, нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, мизони шодии мардум ба андозаи матлуб нест.

Манбаъ: http://tajik.irib.ir

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854