17:37:00 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАРГУЗАШТИ ЖУРНАЛИСТИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИК МАВЛУДАИ СУЛТОНЗОД

Мавлудаи Султонзод, журналисти мустақили тоҷик, баъди бемории дуру дароз саратони сина дар яке аз дармонгоҳҳои пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳри Теҳрон рӯзи 20-уми июни соли 2012 ҷон ба Ҳақ таслим кард. Ӯ муддати тақрибан як сол буд, ки аз табибони ин кишвар табобат мегирифт.

/images/stories/2012/06/22_mavluda-sultonzoda-111.jpgМавлудаи Султонзод аввалҳои солҳои 2000-ум ба журналистикаи тоҷик ҳамчун рӯзноманигори мустақил ворид шуд. Нахустин мақолаҳои ӯ дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳои мустақили  «Нирӯи сухан», «Миллат»  чоп мешуданд. Баъди таъсиси ҳафтаномаи «Рӯзи нав» шодравон Мавлудаи Султонзод чанд муддате дар ин нашрия ба ҳайси хабарнигор ифои вазифа намуд. Сипас яке аз муассисони ташкилоти ҷамъиятие таҳти унвони «Ислом ва ҷомеъа» гардид.

Ӯ ба ҳайси роҳбари ин ташкилот талош меварзид, ки арзишҳои исломӣ дар ҷомеъа ҳарчи бештар густариш пайдо кунанд ва мавриди қабули оммаи васеъи ҷомеъаи давлати тоза ба истиқлол расидаи  мо гарданд. Ба мақсади омӯзиши таҷрибаи хуби кишварҳои пешрафта дар ин самт ва онро дар Тоҷикистон дастраси мардум кардан чандин сафарҳое ба кишварҳои хориҷ доштааст.

/images/stories/2012/06/22_mavluda-sultonzoda-222.jpgТибқи маълумоти хешовандони наздики худораҳматӣ ҷасади Мавлудаи Султонзод аз Теҳрон ба Душанбе рӯзи шанбеи 23-и июн интиқол ёфта маросими ҷанозаи ӯ рӯзи якшанбеи 24-уми июн баргузор мегардад.

Аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» даргузашти  журналист ва инсони нек Мавлудаи Султонзодро барои  хешу табор ва дӯстонаш тассаллият арз намуда аз Худои меҳрабон  ба марҳума равони шод  ва ба наздиконаш сабри ҷамил талаб дорем. 

Мо ҳама аз Худо ҳастему ба сӯи Ӯ хоҳем баргашт.

 

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi