09:40:29 06-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ МУОВИНИ САРДОРИ ОҶОНС

Тибқи хабарҳо муовини сардори бахши Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд ҳангоми гирифтани ришва боздошт шудааст. Намояндаи Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар Хуҷанд гуфт, муовини сардори бахши Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд - Маҷид Иброҳимов зимни гирифтани пора аз як шаҳрванд мавриди боздошт қарор гирифтааст.

 

Дар рӯзи чоршанбеи 16 – уми сентябр аз қисми навбатдории ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки номбурда ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 2 500 доллар аз як сокини Хуҷанд ба ваъдаи он ки «кори ӯро иҷро хоҳад кард», дастгир карда шуд.

 

Вале масъулини Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод аз баёни ҷузъиёти бештар дар ин бора ба далели ҳифзи сирри тафтишотӣ худдорӣ варзиданд. Оҷонси мазкур нисбат ба ин ҳодиса аз рӯи банди 319 – и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон – «гирифтани пора» парванда боз кардааст ва тафтиши онро пеш мебарад. Бори аввал аст, ки дар тӯли фаъолияти ниҳоди мазкур як корманди аршади он бо чунин иттиҳом боздошт шудааст.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854