09:45:32 06-уми Июни 2025 сол

ҲАЛОКАТИ ДУ САРБОЗИ МАРЗБОН ДАР РУШОН

Ду сарбози қисми марзбонӣ дар ноҳияи Рушон ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи манбаъҳои марзбонӣ, ин сарбозон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ аз тарафи як сарбози дигари ҳамроҳашон ҳадафи тир қарор гирифта, сарбоз бо силоҳаш аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ба гуфтаи сардори қисми навбатдории Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон Шодӣ Суфишоев, ҳодиса шоми 14-уми сентябр ба вуқӯъ пайваста, ҷасади сарбозон дар наздикии деҳаи Шидз пайдо шуда, ҷустуҷӯи сарбози дигар идома дорад.

 

Сардори қисми навбатдории раёсати корҳои дохила гуфт, ки ин се нафар сарбоз тибқи реҷа ба посбонии марз сафарбар гардида буданд. Тибқи тахминҳо, дар роҳ яке аз ин сарбозон бо сабабҳои номаълум ба сӯи ҳамхизматонаш аз силоҳи ҳамроҳ тир холӣ кардааст ва ҷасадҳои онҳоро байни сангҳои сари роҳи Душанбе-Хоруғ пинҳон намудааст.

 

Гуфта мешавад, ки масъулини қисми марзбонӣ бо гум шудани алоқаи мухобиротӣ бо ин гурӯҳи марзбони бонги изтироб зада, ба ҷустуҷӯяшон пардохта ва ҷасади сарбозони тирхурдаро пайдо кардаанд. Сарбозони дар ин қазия ширкат дошта аз Суғд ва шаҳри Душанбе ба артиш даъват шудаанд. Ҷустуҷӯи сарбози фирорӣ идома дорад ва ба ин манзур назорати васоити нақлиётӣ дар масири Душанбе-Хоруғ шадидтар шудааст.

 

Қаблан дар як дидбонгоҳи дигар дар ин ноҳия як сарбози ҷавон се нафар ҳамхизматонашро парронда, дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор дошт, ки муносибатҳои бад нисбати вай ва навсарбозон ӯро маҷбур кардааст, ба чунин амал даст занад. Аммо оё дар ҳодисаи Шидз кадом ҳолат сарбозро маҷбур ба қатли ҳамхизматҳо ва фирор кардааст ва ё ҳодиса дар ҳолатҳои дигар рух додааст, суолест, ки мақомоти тафтишотӣ ба он посух хоҳад дод.

 

Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854